Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб БАЙТБАРАК бо устод Мирзо Турсунзода в хорошем качестве

БАЙТБАРАК бо устод Мирзо Турсунзода 5 месяцев назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



БАЙТБАРАК бо устод Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғ водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води (деҳа) буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи у қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925–1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926–1927 дарДонишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927–1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шӯъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шӯъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омад ва роҳбарии бахши драматургияро бар ӯҳда дошт. Соли 1939 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1943сардори Раёсати санъати назди Шӯрои Кумитаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Аз соли 1946 – 1977 то охири ҳаёти худ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Мирзо Турсунзода ниҳоят бузург аст. Вай намояндаи Шӯрои Олии ИҶШС, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Комитаи советии ҳамраъии мамлакатҳои Осиё ва Африко, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Котиби раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Шоир 24 сентябри соли 1977 дар ш. Душанбе вафот мекунад. Шоирро дар теппаи Лучоб(Боғи Лучоб)-и ш. Душанбе ба хок месупоранд. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст.Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернационалӣ борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи мустаҳкам гардонидани сулҳу дӯстии мамлакатҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст. Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода аз соли 1930 сар мешавад. Аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи «Байрақи зафар» аз чоп мебарояд. Сипас, шеъру достонҳои «Ба эҷодкорам», «Манзараҳои Хӯҷанд», «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор», «Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ», «Оҳанрабо», «Халқи далер», «Чаманистон», «Водии Ҳисор», «Мо аз Хоруғ омадем» ва ғайра дастраси хонандагон мегарданд. Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои минбаъда дар маҷмӯъаҳои «Пайғом», «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» ва «Ман аз Шарқи Озод» ба табъ мерасанд. Дар шеърҳои «Ҳамшираҳо», «Ба ҷанг», «Хотираи капитан», «Ҳаргиз», «Баҳодури тоҷик», «Паҳлавони интиқомгир, «Рафиқи азиз» корномаҳои ҷангӣ бо шӯру ҳаяҷон тасвир ёфта, ғояҳои ватанхоҳию душманбадбинӣ талқин мешаванд. Дар солҳои ҷанг Турсунзода достонҳои «Писари Ватан» ва «Барои Ватан» – ро ҳамроҳи Абдусалом8 Деҳотӣ эҷод мекунад. Ҳаракатҳои озодихоҳи халқҳои Осиё ва Африко дар силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода «Ман аз Шарқи озод», «Қиссаи Ҳиндустон», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», «Роҳи нури офтоб» ва достони «Аз Ганг то Кремл» ва ғайра хеле хуб тасвир ёфтаанд. Соли 1960 Ҳукумати шӯравӣ хизматҳои барҷастаи шоирро ба назар гирифта, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ӯро бо Ҷоизаи Ленинӣ ва соли 1964 барои достони «Ҷони ширин» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз мегардонад. Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А.С.Пушкин, Т.Г.Шевченко, Н.А. Некрасов, Самад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламкашони варзидаи халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо маҳорати баланд тарҷума намудааст. Мирзо Турсунзода – шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру, Ҷоизаи давлатии ИҶШС ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад. БАЙТБАРАК бо устод Мирзо Турсунзода #турсунзода #шеър #адабиёт #адаб #точикон #точикона #точикистон

Comments