Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб Боздид аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО “Роғун” в хорошем качестве

Боздид аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО “Роғун” 5 часов назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



Боздид аз рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-и НБО “Роғун”

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Неругоҳи обии “Роғун” нахуст бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд. Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4 дар баландии 1088 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ бо назардошти меъёрҳои ҷаҳонии соҳаи энергетика анҷом ёфтааст. Дарозии дарвозаҳо 12,5 метрро ташкил дода, бо истифода аз маҳсулоти корхонаҳои ватании насби таҷҳизоти гаронарзиш сохта мешавад. Бояд гуфт, ки корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот аз соли 2019 оғоз гардида, онро бинокорони корхонаи пудратии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” ба иҷро расонидаанд. Иҷроиши корҳои васлу насби оҳанфулузот ва таҷҳизоти гидромеханикӣ дар ин минтақа мутаносибан 1150 ва 936 тоннаро ташкил медиҳад. Дарвозаҳои таъмирӣ дар неругоҳҳои обӣ яке аз ҷузъҳои муҳими иншоот ба шумор рафта, дар ҳолатҳои таъмир ва садама истифода мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи обии “Роғун” баъди боздид аз дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум, аз шохаи “А”-и нақби мазкур дидан карданд. Нақби сохтмонии қабати 4 аз шохаҳои “А” ва “Б” иборат буда, вазифаи онҳо тақсим намудани ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он мебошад. Иншоот ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад. Дар минтақаи камераи дарвозаҳои шохаи “А” кор тибқи лоиҳа идома дошта, то имрӯз корҳои бетонхобонӣ 1271 метри мукааб, корҳои кафшерӣ 489 метр ва васлу насби варақаҳои оҳанин ба пуррагӣ ба иҷро расидаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ва суҳбат бо бинокорон, аз натиҷаи кор дар ин минтақа изҳори қаноатмандӣ намуда, дар оянда барои саривақт ва мувофиқ ба талабот иҷро намудани корҳои боқимонда дастурҳои мушаххас доданд. Маврид ба ёдоварист, ки “Роғун” дар рӯди Вахш бунёд гардида, бузургтарин дар силсиланеругоҳҳои Вахш аст ва бо иқтидори 3600 МВт дар Осиёи Марказӣ ҳам калонтарин неругоҳ маҳсуб мешавад. Агрегати нахустини Неругоҳи обии “Роғун” 16 ноябри соли 2018 ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд. Зимни боздидҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргарон даъват менамоянд, ки содиқонаву софдилона фаъолият намуда, ҳар як кори ба зиммаашон гузошташударо тавре анҷом диҳанд, ки садсолаҳо барои миллати тоҷик хизмат намояд. Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои тезонидани корҳои бунёдӣ дар дигар минтақаҳои иншоот ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Президенти кишвар Неругоҳи обии “Роғун”-ро яке аз сарчашмаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар номида, пурра ба фаъолият пардохтани онро барои давлату миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ арзёбӣ намуданд. Бунёдгузори кохи нур – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо бинокорон, барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва саҳм гузоштан дар бунёди иншооти аср – Неругоҳи обии “Роғун” ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки номи ҳар яки онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва барои ояндагон намунаи ибрат хоҳанд шуд. Ахбори имрӯзи Тоҷикистон Ахбори имрӯз Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон Ахбори Ӯзбекистон Самарқанд Хабарҳои имрӯзаи Тоҷикистон Хабарҳо аз ҷараёни сафари корӣ Новости Таджикистана Новости Узбекистана Самарканд Новости СНГ Новости Мира Новости Душанбе Новости Россия Новости Дня Новости Мигранты Новости Бадахшон Новости Хатлон Новости Согд Новости Душанбе Новости Ворух События дня СНГ Asia Азия Новости Ахбор Хабар Навид Иттилоот Иттилоъ Телевизиони Тоҷикистон "Шабакаи якум" Телевизиони Сафина Телевизиони Ҷаҳонаммо Телевизиони Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Телевизиони Илм ва Табиат Телевизиони Баҳористон Телевизиони Душанбе (HD) Телевизиони Синамо Телевизиони Шаҳнавоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон President Republic of Tajikistan Emomali Rahmon Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон #Хабар #Тоҷикистон #Ахбор #Душанбе #Новости #Таджикистан #bbc #Россия #Украина #Беларусь #Президент #Мир #radio #Сегодня #Tajikistan #Dushanbe #News #Europa #tojikiston #asia #uzbekistan #Эмигранты #Россия #iran #politics #trending #russia #most #moscow #Akhbor #срочно #tojik #Navid #official #television #АхбориТоҷикистонваҷаҳон #СНГ24 #Муҳоҷир #Сарҳад #Исфара #Бадахшон #Суғд #Русия #Узбекистон #НОВОСТИ #Бухоро #Самарканд #Ворух #Хоруғ #Хатлон #Бадахшан #Fyp #fypシ Дастгирии шумо пешравии мост обуначиёни гиромӣ!

Comments