У нас вы можете посмотреть бесплатно Нолаи Афзалшо Шодиев ва Лоиқ Холов дар маросим или скачать в максимальном доступном качестве, которое было загружено на ютуб. Для скачивания выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru
Шаби 18-уми феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ансамбли давлатии «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Давлатманд Холов баъд аз бемории тӯлонӣ дар синни 74-солагӣ вафот кард. Чанд рӯз қабл аз бемории ин ҳунарманди тоҷик Вазорати фарҳанги кишвар расман эълон намуда буданд, ки пайвандонаш барои табобат ӯро ба давлатҳои гуногун бурданд, вале табибон ба дардаш дармоне пайдо карда натавонистаанд. Чанд рӯз пеш Давлатманди Холро аз Маскав ба Душанбе оварда, дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ намуданд ва ҳофизи машҳур дар беморхона аз олам даргузаштааст. Маросими ҷанозаи Давлатманд Холов, имрӯз вақти намози пешин дар Масҷиди Имом Абӯҳанифаи шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он садҳо нафар дӯстон, ҳамкасбон, пайравон ва мухлисону ҳаводорони ин сарояндаи хушовоз ширкат доштанд. Марҳумро дар Оромгоҳи Лучоб дафн карданд. Давлатманди Хол 26- уми октябри соли 1950 дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба дунё омада, аввалин бор дар синни 13-солагӣ дар сӯги падараш дарду аламҳои ҷигарсӯзи худро дар ин тарона бозгӯ намуда буд. Ӯ навохтани асбобҳои мусиқиро аз қиблагоҳаш омӯхта буд ва аз даст додани падар барояш талафоти бузурге буд. Давлатманди Хол яке аз бунёдгузорони жанри фалаксаройӣ ба шумор меравад ва солҳои зиёде роҳбари ансамбли “Фалак”-ро бар дӯш дошт. Ӯ дар баробари мухлисони дохилӣ ҳамчунин ҳаводорони зиёд дар кишварҳои форсизабон дошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бисёр арзишманди Давлатманд Холовро дар рушди санъати овозхонӣ, махсусан, сурудҳои халқӣ ва жанри «Фалак» таъкид карда, ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ ҳамдардии амиқ баён карданд. Марги ин ҳунарманди асил талафоти бузургест барои санъати тоҷик. Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ аз даргузашти устоди санъати тоҷик, Давлатманди Хол андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум дар таҳаммули ин фоҷиа аз даргоҳи худованд сабри ҷамил мехоҳанд. Ҷойи устод Давлатманди Хол ҷаннати ҷовидон бод.