Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб Ба истифода додани хатти интиқоли барқи 220 кВ аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» в хорошем качестве

Ба истифода додани хатти интиқоли барқи 220 кВ аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» 4 часа назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



Ба истифода додани хатти интиқоли барқи 220 кВ аз НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун»

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Роғун хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 кВ-и НБО «Роғун» то зеристгоҳи барқии «Роғун» бо дарозии умумии 12,7 км ва васеъсозии дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 кВ-и зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун»-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки баъд аз навсозӣ ва васеънамоии зеристгоҳи мазкур барқи истеҳсолгардидаи НБО «Роғун» тавассути хатти барқии 220 кВ аз дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии – 220 кВ-и НБО «Роғун» то дастгоҳи тақсимоти кушодаи зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» интиқол ёфта, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар пайванд мешавад ва ба ин васила эътимоднокии системаи энергетикӣ кишвар баланд мегардад. Зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» баъд аз навсозӣ сокинони шаҳри Роғун, ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод ва қисман шаҳри Ваҳдатро доимӣ бо барқ таъмин менамояд. Иншооти нави соҳа ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба маблағи умумии 11 млн. доллари амрикоӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст. Зеристгоҳи мазкур бо мақсади саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саҳм гузоштан дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, сохта шудааст. Сол то сол бо зиёд шудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар кишвар ҳамзамон шумораи, истифодабарандагони неруи барқ низ зиёд мегардад. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кам намудани сарбории зеристгоҳҳо ва бе мушкилӣ дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин намудани неруи барқ зеристгоҳҳои нав бунёд намуда, зеристгоҳҳои таъмирталабро навсозӣ менамояд. Зеристгоҳ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дастгоҳҳои зеристгоҳ дорои сифати баланд буда, аз давлатҳои пешрафтаи дунё ворид ва насб гардидаанд. Дар иншооти навсохт 11 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Корҳои сохтмонӣ ва васл таҷҳизоти барқӣ дар иншооти системаи энергетикӣ моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, моҳи июни соли 2024 пурра ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шуд. Тибқи лоиҳа дар зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Роғун» 9 чашмаки 220 кВ, навсозии бинои идоракунии фаврӣ ва биноҳои ёрирасон анҷом дода шудааст. Дар саҳну атрофи зеристгоҳи барқӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шуда, роҳравҳои он пурра асфалтпӯш гардидааст. Ахбори имрӯзи Тоҷикистон Ахбори имрӯз Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон Ахбори Ӯзбекистон Самарқанд Хабарҳои имрӯзаи Тоҷикистон Хабарҳо аз ҷараёни сафари корӣ Новости Таджикистана Новости Узбекистана Самарканд Новости СНГ Новости Мира Новости Душанбе Новости Россия Новости Дня Новости Мигранты Новости Бадахшон Новости Хатлон Новости Согд Новости Душанбе Новости Ворух События дня СНГ Asia Азия Новости Ахбор Хабар Навид Иттилоот Иттилоъ Телевизиони Тоҷикистон "Шабакаи якум" Телевизиони Сафина Телевизиони Ҷаҳонаммо Телевизиони Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Телевизиони Илм ва Табиат Телевизиони Баҳористон Телевизиони Душанбе (HD) Телевизиони Синамо Телевизиони Шаҳнавоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон President Republic of Tajikistan Emomali Rahmon Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон #Хабар #Тоҷикистон #Ахбор #Душанбе #Новости #Таджикистан #bbc #Россия #Украина #Беларусь #Президент #Мир #radio #Сегодня #Tajikistan #Dushanbe #News #Europa #tojikiston #asia #uzbekistan #Эмигранты #Россия #iran #politics #trending #russia #most #moscow #Akhbor #срочно #tojik #Navid #official #television #АхбориТоҷикистонваҷаҳон #СНГ24 #Муҳоҷир #Сарҳад #Исфара #Бадахшон #Суғд #Русия #Узбекистон #НОВОСТИ #Бухоро #Самарканд #Ворух #Хоруғ #Хатлон #Бадахшан #Fyp #fypシ Дастгирии шумо пешравии мост обуначиёни гиромӣ!

Comments