Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб ДОДГОҲИ ШОҲМАНСУР БА МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ОҒОЗ МЕКУНАД в хорошем качестве

ДОДГОҲИ ШОҲМАНСУР БА МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ОҒОЗ МЕКУНАД 2 года назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



ДОДГОҲИ ШОҲМАНСУР БА МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТӢ ОҒОЗ МЕКУНАД

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 21 сентябри соли 2022 ба баррасии парвандаи пурсарусадои журналисти 26-солаи тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ оғоз мекунад. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов, ки дар ин парванда аз ҳуқуқи Ғурбатӣ ҳимоя мекунад, хабар дод. Маълум нест, мурофиаи рӯзноманигор ба таври боз баргузор мешавад ё паси дарҳои баста? Як моҳ пеш гузориш шуда буд, ки мақомот парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатиро бар асоси се банди Кодекси ҷиноӣ ҷамъбаст карда, ба додгоҳ фиристодаанд. Аз ҷумла, “таҳқири намояндаи ҳокимият (моддаи 330, қисми 1), истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (328, қисми 1) ва иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ (307, иловаи 3,қисми 2). Барои таҳқири намояндаи давлат ба журналист ҳамчун ҷазо ҷарима ваё то як сол корҳои ислоҳӣ, барои зӯроварӣ нисбат ба корманди давлат ҷарима ваё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале ҷазои аз ҳама сахт: аз 5 то 8 соли зиндон ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ бар асоси иловаи сеюми моддаи 307 барои узвият дар созмонҳои мамнуъ таҳдид мекунад. Худи Ғурбатӣ ин иттиҳомотро комилан рад мекунад.

Comments