Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб Кабир Исмонов: Чӣ тавр ошхонаҳоро дар минтақаҳои Тоҷикистон тараққӣ кардан? / Horeca Podcast в хорошем качестве

Кабир Исмонов: Чӣ тавр ошхонаҳоро дар минтақаҳои Тоҷикистон тараққӣ кардан? / Horeca Podcast 5 месяцев назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



Кабир Исмонов: Чӣ тавр ошхонаҳоро дар минтақаҳои Тоҷикистон тараққӣ кардан? / Horeca Podcast

Меҳмони навбатии мо — Кабир Исмонов, соҳибкори муваффақи ватанӣ. Кабир муассиси ошхонаҳои «Ал Кабир» дар 46-ум маҳаллаи шаҳри Душанбе ва «Ал Кабир» дар ноҳияи Восеъ, ҳаммуассиси ошхонаи «Ҳамадонӣ», тарабхонаҳои франшизавӣ LaMiSo ва Kannam chicken мебошад. Тиҷоратро аз 16 солагиаш оғоз карда, ҳоло бошад 29 сол таҷрибаи умумӣ дорад. Ба шаҳри Душанбе соли 1992 омада, дар 16 намуд тиҷорат худро санҷидааст. Баъд ба хулосае омадааст, ки соҳаи ошхона ва каҳвахона ба ӯ наздик аст. Ҳоло бошад 14 сол аст, ки дар соҳаи хӯроки ҷамъиятӣ кору фаъолият карда истодааст. Якум лоиҳаи Кабир дар Душанбе ошхонаи 24-соатаи «Ҳамадонӣ» буд. Ин ошхонаро бо шарик кушод ва дар оянда бисёр лоиҳаи муваффақ шуд. Бо шарикаш шартномаи 5 сола баст ва гуфт, ки ҳамаи кори оператсиониро худи он пеш мебарад. Кабир нақша дорад, ки як шабакаи ошхонаҳои миллӣ созад. Дар он шабака тамоми расму оини мардуми тоҷикро нишон диҳад. Баъдан ин шабакаи ошхонаҳоро ба бозори давлатҳои ҳамсоя, монанди Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва ғайраҳо барорад. Кабир Исмонов муассиси ошхонаҳои «Ал Кабир» дар 46-ум маҳаллаи ш. Душанбе ва «Ал Кабир» дар н. Восеъ мебошад. Кабир мегӯяд, ки ошхонаи дар Восеъ бударо барои мардуми ҳамун ноҳия кардааст. Нархҳои ошхонаи Восеъ аз ошхонаҳои Кабир, ки дар ш. Душанбе ҷойгир ҳастанд, 30-40% паст мебошад. Барои ӯ ошхонаи Восеъ як "миссия" ҳаст ва мехоҳад, ки бади сари худ ягон чизро бимонад. Ошхонаи «Ал Кабир» дар н. Восеъ ин ошхонаи мардумӣ мебошад. Асосӣ мизоҷони ошхона муаллимон, донишҷуён, кормандони ВҚД ва дигар мақомотҳою идораҳо ҳастанд. Дар ошхона ҳама хӯрокҳо пархезӣ мебошанд ва нархҳо бисёр дастрасанд. Як вақте омад, ки Кабир аз тиҷорат монда шуда буд. Ба стресс гирифтор шуд. Шиносош мегуфтаанд, ки басай ба кира кор мекуни, соҳиби ҳамаи чиз шудӣ. Баъдан ба хулосае омад, ки мақсадро иваз кардан даркор. Мақсад бояд сум набошад, мақсад хизмат ба мардум бояд шавад. Ҳозир бошад ҳатман 10% даромадашро ба хайрия равон мекунад. ТАЙМ КОДЫ 00:00 Оғоз 00:59 Шиносоӣ бо Кабир Исмонов 02:33 Чанд сол дар соҳаи хӯроки ҷамъиятӣ фаъолият доред? 09:29 Дар бораи "Ал Кабир" ноҳияи Восеъ каме нақл кунед? 16:31 Чаро тарабхонаҳои франшизавӣ кушодед? 19:40 Фабрика кухня 22:15 Ошхонаҳо бояд заготовочний сех дошта бошанд 24:51 Бренд "Вилка, ложка" 26:40 Дар бораи устодатон Саидмурод Давлатов мегӯфтед? 31:10 Дар соҳаи мо инфосиганство фоида намеорад? 33:10 Чаро қурутобро дар ҷаҳон пешкаш намекунем? 36:20 Қурутоб ва ош аз кадом миллат мебошад? 38:40 Чаро мо таомҳои миллиро пеш намебарем? 42:17 Хушбахтӣ дар пул набудааст? 44:00 Шумо кормандони худро меомӯзонед? 47:12 Шумо дар чӣ камбудро дар соҳаи хӯрока мебинед? 49:30 Ба академияи "Кабир" моро даъват кунед 52:25 Тӯҳба ба тамошобинон Horeca ещё живёт в Instagram: / horeca_podcast Подкаст был записан в студии Neo Court: / neocourt.tj #РахимХакбердиев #Horeca #podcast #ресторанныйбизнес #точикистон

Comments