Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб ПИРӮЗИИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БО АКСИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД: Ӯ БАРОЯМ ҚАҲРАМОН АСТ! в хорошем качестве

ПИРӮЗИИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БО АКСИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД: Ӯ БАРОЯМ ҚАҲРАМОН АСТ! 3 года назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



ПИРӮЗИИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БО АКСИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД: Ӯ БАРОЯМ ҚАҲРАМОН АСТ!

Варзишгари ҷавони тоҷик Хаттаб (Хаттабшо) Охиров, маъруф ба “Памирский гладиатор” (“Гладиатори помирӣ”), баъди пирӯзиаш дар мусобиқаи муштҷанг (кулачные бои) дар шаҳри Одессаи Украина ба маросими ҷоизасупорӣ тоқии сабзи бадахшонӣ дар сар ва футболка бо акси Аҳмадшоҳи Масъуд дар тан ҳозир шуд. “Пирӯзиамро ба ин шери Панҷшер, ба Аҳмадшоҳи Масъуд мебахшам. Ӯ барои ман ҳамеша зинда ва ҳамеша қаҳрамон аст”, - изҳор дошт Хаттаб Охиров, ки ҳамагӣ 20 сол дорад ва тоза қадамҳои аввалашро дар арсаи варзиши касбӣ мегузорад. Дар ин авохир ин бори аввал нест, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ бо аксҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмади Масъуд ҳамраъйии худро бо тоҷикони Афғонистон ба намоиш мегузоранд. Рӯзи 11 сентябр размандаи тоҷик Шаҳбоз Мирзозода, ки дар мусобиқоти RBM “Русский Кулак” (“Мушти русӣ”) дар Санкт Петербург ғолиб омад, барои намоиши ҳамбастагиаш бо мардуми Панҷшер низ футболка бо акси Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд ва раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистонро ба тан кард. 17 сентябр размандаи ҷавони тоҷик Самандар Муродов бо китфи баромада ва дасти овезон дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship), ки ба ёди Абдуманоф Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии фақиди размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бахшида шуда буд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ин мусобиқот шуд. Самандар ҳангоми эълони номи ғолиби мусобиқа мухлисони худро боз ҳам бештар ба ваҷд овард, чунки ҳам ӯ ва ҳам аъзои дигари дастааш ҳама футболкаҳоро бо аксҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмади Масъуд ба тан карданд ва бо ин, ҳамраъйии худро бо нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки ба зидди Толибон меҷанганд, ба намоиш гузоштанд. Баъди бозгашташон ба Тоҷикистон Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, як соҳибкори шинохтаи тоҷик ба Самандар Муродов ва ба боз як ғолиби дигари мусобиқаи EFC Нурулло Алиев мошинҳои “Мерседес” туҳфа кард.

Comments