У нас вы можете посмотреть бесплатно Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Нуробод / ахбори точикистон или скачать в максимальном доступном качестве, которое было загружено на ютуб. Для скачивания выберите вариант из формы ниже:
Если кнопки скачивания не
загрузились
НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу
страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқот намуданд Ҳозирини гиромӣ! Мо тасмим гирифтем, ки баъди оғози корҳои бунёди яке аз роҳҳои барои кишварамон, аз ҷумла барои ноҳияҳои водии Рашт бисёр муҳим – роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод бо шумо – роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор доир ба вазъи корҳо дар ин ноҳияҳо мулоқот доир намоем. Боиси хушнудист, ки сокинони заҳматқарини ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Нуробод дар соли барои Тоҷикистони маҳбубамон воқеан таърихӣ, яъне сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида истодаанд. Бовар дорам, ки дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи мардум дар ояндаи наздиктарин ноҳияҳо ва деҳоти онҳо хеле ободу зебо ва шароити зиндагии ҳар як оила боз ҳам беҳтар мегардад. Тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, яъне ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, дар маҷмӯъ, сохтмони беш аз 1100 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 240 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар 760 иншоот ба анҷом расидаанд. Ин нишондиҳанда 69 фоизи нақшаро ташкил медиҳад, ки боиси нигаронист. Бо дарназардошти он, ки то ҷашн муҳлат тамоман кам мондааст, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақа, инчунин, соҳибкорон ва аҳолӣ бояд ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи тасдиқшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ барои ободонии ноҳияҳои водии Рашт тамоми имкониятҳоро сафарбар карда, ин равандро то имрӯз идома дода истодааст. Дар натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳо симои ноҳияҳои водӣ ҳоло ба куллӣ дигаргун шудааст. Масалан, маркази ноҳияи Нуробод, ки бунёди он дар ҷойи тамоман холӣ оғоз гардида буд, имрӯз ба як шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст. Умуман, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа беш аз 5,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард сомонӣ, Рашт 1,4 миллиард сомонӣ, Сангвор 914 миллион сомонӣ, Лахш 624 миллион сомонӣ ва Тоҷикобод 528 миллион сомонӣ равона шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра дар ноҳияҳои минтақаи мазкур беш аз 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Аз ҷумла дар ноҳияи Сангвор 6 лоиҳа ба маблағи 2 миллион сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод – 11 лоиҳа ба маблағи 35 миллион сомонӣ, ноҳияи Лахш – 22 лоиҳа ба маблағи 67 миллион сомонӣ, ноҳияи Нуробод – 12 лоиҳа ба маблағи 339 миллион сомонӣ ва ноҳияи Рашт 19 лоиҳа ба маблағи 57 миллион сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло дар ҳудуди ин ноҳияҳо татбиқи боз 21 лоиҳаи дигар идома дошта, дар доираи онҳо то имрӯз 184 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳияҳои водии Рашт ва ҳалли масъалаву мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои мазкур садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ амалӣ шудааст. Вале бояд гуфт, ки иҷрои ин барномаҳо бо сабабҳои гуногун, дар маҷмӯъ, дар ҳаҷми камтар аз 50 фоиз таъмин гардидааст. https://khovar.tj/2021/06/4prezidenti...